Ғурбатӣ

Ғурбатӣ смотреть последние обновления за сегодня на .

"Ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ доғи дигаре ба рӯйи Тоҷикистон аст"

25538
203
8
00:03:30
05.10.2022

Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "бисёр ноодилона" хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд.

АЗ БОЗДОШТИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ЯК СОЛ ГУЗАШТ...

2383
34
9
00:06:47
16.06.2023

15-уми июн аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, ки бархе ҷузъиёти парвандаи онҳо барои ҷомеа ҳанӯз норӯшан аст, як сол гузашт. То ба ҳол наздикону пайвандонашон ба бегуноҳии онҳо бовар доранд ва умедворанд, ки ба наздикӣ онҳо аз зиндон озод мешаванд. Як сол пеш, дар ҳамин рӯз, дар роҳ ба сӯи Конибодом дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ Далери Имомалӣ боздошт ва шоми ҳамон рӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додситонии Шоҳмансур даъват ва дастгир гардид. Танҳо субҳи рӯзи дигар, 16-уми июн мақомот тавассути вакили дифоъ гуфтанд, ки онҳо дастгир гардида, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Ҳарду рӯзноманигор, оиладору соҳиби кӯдакони хурдсоланд ва ҳатто замоне, ки Абдуллоҳ боздошт шуд, кӯдакаш ҳамагӣ 10-рӯза буд. Ӯ то ба ҳол намефаҳмад, ки падараш дар ҳабс аст, вале се фарзанди Далер, ки калонтаранд, пайваста падарашонро суроғ мекунанд ва ҳамсараш намедонад ба онҳо чӣ посух диҳад. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъди як соли боздошту зиндонӣ шудани ду рӯзноманигори тоҷик ба суроғи хонаводаҳои онҳо равад, то аз рӯзгори як соли талхашон пурсон шавад ва пайомади ин қазияро дар зиндагиашон бифаҳмад. То замони боздошт Далер ва Абдуллоҳ бо оилаҳояшон дар хонаҳои иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Ҳоло оилаҳо ба хонаи падарии рӯзноманигорон кӯч бастаанд ва қазияи саробонони оила маҷрои зиндагии оилаҳояшонро комилан тағйир додааст.

ШӮХӢ НАКУН БО ДОМОД! БОЗДОШТИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

192598
1764
280
00:03:25
15.06.2022

Маълум мешавад, Далери Имомалӣ, журналист ва блогери шинохтаи тоҷикро, ки субҳи 15 июн дар роҳ ба Конибодом адар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсияи ин ноҳия дастгир шуда буд, аз онҷо ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур овардаанд. Нимаи дуюми рӯз журналисти дигари тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатиро ҳам, ки дар таҳияи гузоришҳои видеоии Далери Имомалӣ ҳамкорӣ мекард, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур даъват карда, аз онҷоро ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бурдаанд. Рӯзи 4 июн Далери Имомалиро алакай барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад. Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ дар як мошини сиёҳшиша ба самти номаълум бурдаанд.

АДВОКАТИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ГУФТ, Ӯ БЕГУНОҲ АСТ, АЗ ТОЛОРИ СУД ОЗОДАШ КУНЕД!

3751
46
9
00:02:30
03.10.2022

Рӯзи 3 октябри соли 2022 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба мурофиаи парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбати идома дод. Ин дафъа дар додгоҳ адвокати Ғурбатӣ Абдураҳмон Шарипов суханронӣ кард. Бино ба гузориши Маркахи мустақили ҳуқуқи инсон, адвокат дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хостааст, ки ӯро сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад. Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.

Айбномаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард

110618
550
82
00:02:43
19.07.2022

Эълони иттиҳоми нав ба зидди Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кард Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард

17846
146
2
00:01:36
13.09.2022

Филми хабарнигори зиндонии тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ ҷоизаи байналмилалӣ касб кард Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД

8140
55
4
00:02:11
20.09.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 21 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи пурсарусадои журналисти 26-солаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов, ки дар ин парванда аз ҳуқуқи Ғурбатӣ ҳимоя мекунад, хабар дод. Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста? Як моҳ пеш гузориш шуда буд, ки мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомотро комилан рад мекунад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст

171829
1136
56
00:10:40
20.06.2022

"Илоҷи дигар набуд" Изҳори назари президент ба ҳодисаҳои ахири Бадахшон. Озодӣ дар Телеграм: 🤍 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шудааст. Парвозҳои миёни Теҳрону Душанбе аз сар гирифта шуд. Ин ва дигарп хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

АДОЛАТИ “ТОҶИКӢ”: ЖУРНАЛИСТ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА 7 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

9812
71
20
00:02:38
04.10.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябри соли 2022 мурофиаи парвандаи пурсарусадои журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбатиро ба поён расонд ва ӯро ба 7 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Маркази мустақили ҳуқуқи инсон, ки дар ин қазия ҳимояти ҳуқуқии Абдуллоҳ Ғурбатиро ба дӯши худ гирифта буд, хабар дод, ки додгоҳ журналистро бар асоси ҳар се банди айбнома: қисми якуми моддаи 328, қисми якуми моддаи 330 ва қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳқир ва латтукӯби намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони мамнӯъ гунаҳкор шинохт. Адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки ба намояндагӣ аз Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар ин мурофиаи пурсарусадо аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳимоят мекунад, гуфт, ки онҳо аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки рӯзи 4 октябр пеш аз судури ҳукм, додгоҳ ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои ироаи сухани охиринаш навбат дод. “Дар сухани охиринаш Авазмад Ғурбатов худро дар мавриди ин се иттиҳоми ба зиддаш эълоншуда бегуноҳ донист ва ҳар навъ иртиботи худ бо ягон гуруҳи ифротиро низ рад кард. Авазмад Ғурбатов аз додгоҳ хост, ки ӯро бегуноҳ барорад ва сафед кунад”, - хабар додааст адвокати журналист Абдурахмон Шарипов. Ҳафтаи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд. Аммо адвокати Абдураҳмон Шарипов рӯзи 3 октябр дар сухани ниҳоияш ба бегуноҳии нафари таҳти ҳимояти худ исрор варзида, аз додгоҳ хост, ки Ғурбатиро комилан сафед кунад ва рост аз толори додгоҳ ҷавобаш диҳад.

Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷоиза гирифт

113001
802
71
00:10:42
13.09.2022

Мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷоиза гирифт. Озодӣ дар Твиттер: 🤍 Озодӣ дар Фейсбук: 🤍 Коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон. Низои нав миёни Озарбойҷону Арманистон. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Сарнавишти норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

45720
611
117
00:02:40
16.06.2022

Сарнавишти рӯзноманигорони боздоштшуда Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳанӯз рӯшан нест. Хабари боздошти онҳо рӯзи гузашта, 15 июн расонаӣ шуд. #точикистон #хабар

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ

145965
1275
188
00:10:59
16.06.2022

Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ. Қазоқистон боз ғалларо маҳдуд кард.Орд қиммат мешавад? Ғарибшо баъд аз 30 сол соҳиби хона шуд. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ: "Агар хоҳанд масъулони латукӯби маро пайдо хоҳанд кард"

15501
203
00:03:21
12.05.2020

Хабарнигори агентии Азия Плюс Абдуллоҳ Ғурбатӣ мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ӯ мегӯяд. дурбинҳои кӯчагӣ масъулони ҳамдаро ба навор гирифтаанд ва агар мақомот хоҳанд, масъулонро пайдо мекунанд.

Имомалӣ ва Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо созмоне аз "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки миллӣ муттаҳам будаанд

36218
289
20
00:02:47
29.07.2022

Радиои Озодӣ ҷузъиёти парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигорро ба даст овард. Як далели асосии мақомот ин таблиғи ширкатест, ки моликаш дар рӯйхати шахсони алоқаманд ба терроризм ҷой дорад.

Талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ

180021
1654
145
00:09:30
24.06.2022

Талаби озодии Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ. Озодӣ дар Телеграм: 🤍 Номи сафири нави эҳтимолии Амрико дар Душанбе маълум шуд. Ваъдаи гови ширдеҳ ба хонаводаи чоргоникҳо дар Исфара. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

"ИДИБЕК ЛАТИПОВ". НОМИ НАВ ДАР ПАРВАНДАИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ

9737
84
9
00:03:27
30.07.2022

Тибқи иттилои дарёфтӣ, таҳқиқи парвандаи хабарнигорон – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – ба марҳилаи ниҳоӣ расида, эҳтимол рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шавад. Як далели мақомот ба зидди онҳо таблиғи ширкате будааст, ки гуё номи соҳибаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллист. Хабарнигорон гуфтаанд, дар ин бора намедонистанд. Ба иттилои дарёфтӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ ба таблиғи ширкати "Элнур" (Elnor) муттаҳам шудаанд. Раиси ширкат, Идибек Латипов, гӯё дар "рӯйхати сиёҳ"-и Бонки Миллии Тоҷикистон ва дар қатори "шахсони алоқаманд бо терроризм" будааст. Бонки Миллии Тоҷикистон "рӯйхати сиёҳ"-ро ба ҳадафи пешгирӣ аз пулшӯӣ ва сармоягузории силоҳи қатли ом тартиб додааст. Афроди шомили он ба Тоҷикистон пул фиристода наметавонанд. Идибек Латипов рӯзи 29-уми июл дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2007 боз дар Миср кору зиндагӣ дорад ва иттиҳоми мақомотро нисбати худ "беасос" номид. Дар ҳоле ки номи ӯро дар рӯйхат "Латипов Идибек Файзибекович, санаи таваллудаш 29 апрели соли 1970" навиштаанд, худаш мегӯяд, "Латипов Идибек Фозилбекович" аст ва соли таваллудаш 1982. Номи Идибек Латипов ва ширкати "Элнур", ки таблиғи он барои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ мушкил овард, моҳи майи имсол дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ пайдо шуд. Латипов дар тамоси телефонӣ рад накард, ки барои таблиғи ширкати "Элнур" ба саҳифаи Далери Имомалӣ муроҷиат кардааст, аммо гуфт: "Ин хабарҳо нисбати ман туҳмат аст. Тақрибан 16 сол пеш аз Тоҷикистон хориҷ шудам ва бо Тоҷикистон ҳеч иртибот надорам. Даҳ фарзанди ман дар Миср таваллуд шуданд. Ҳамкорӣ бо саҳифаҳое, ки бинандаи зиёд доранд, ҳаққи ман аст. Ба кадом асос маро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд, хабаре надоштам. Ин дурӯғ аст."

МУРОФИАИ БАСТА. АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ДАЪВОИ СЕ МИЛИСАРО РАД КАРДААСТ

5553
69
11
00:02:22
22.09.2022

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ даъвои се маъмури милисаро рад кардааст. Кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми сентябр шоҳидӣ додаанд, ки Ғурбатӣ ба онҳо ҳамла карду таҳқир намуд. Ба сабаби баста будани мурофиа ҷузъиёт дастрас нест. Маълум нест, ки маъмурони милиса барои исботи даъвои худ ба додрас чӣ далеле додаанд. Додрас Беҳрӯз Шафо аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов баъди мурофиа танҳо ҳаминро гуфт, ки «Абдуллоҳ Ғурбатӣ даъвои маъмурони милисаро напазируфт». Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар як қисмати мурофиа иштирок дошт, мегӯяд, “рӯҳияи Абдуллоҳ хуб буд, вале каме лоғар шудааст.” Ба мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста гузашт, ба ҷуз аз ҳамсараш хешовандони дигари хабарнигорро роҳ надоданд. Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба умеди дидани писараш ба назди Боздоштгоҳи муваққатӣ омада буд. Ӯ гуфт, ба далели онки номаш дар рӯйхати шоҳидон нест, ба толори мурофиа роҳ надоданд. “Гуфтанд, имрӯз танҳо шоҳидонро мепурсанд. Ба тантанаи адолат боварӣ дорам,” афзуд Шарифова.

ИМКОН НАДОРАМ…” АДВОКАТ АБДУРАҲМОН ШАРИПОВ АЗ ҲИМОЯИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ДАСТ КАШИД

856
11
1
00:02:17
09.01.2023

Абдураҳмон Шарипов, ки аз ҷониби Маркази мустақили оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҳуқуқи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ҳимоят мекард, аз идомаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин рӯзноманигори зиндонии тоҷик даст кашидааст. Ӯ аз ин пештар аз ҳимояи Далери Имомалӣ низ даст кашида буд. Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ карданд ва гуфтанд, азм доштанд аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд, вале вакили дифоъ гуфт, дигар кӯмак карда наметавонад. Абдураҳмон Шарипов дар шарҳи даст кашидани идомаи ҳимоят аз рӯзноманигорон гуфтааст, дар доираи як лоиҳа ба журналист ройгон хидмат мерасонид ва пас аз анҷоми лоиҳа дигар чунин имкон надорад. Наздикони Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтанд, барои идомаи кӯмак ба вакили дифоъ ҳаққи кор пешниҳод карданд, бо ин ӯ вуҷуд розӣ нашуд. Абдураҳмон Шарифов гуфтааст, бисёр банд аст ва дигар имкони ҳимоят аз журналисти зиндониро надорад. Абдураҳмон Шарипов, аз ҷониби Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳаққи Абдуллоҳ Ғурбатиро аз додгоҳ ҳимоят мекард. Қаблан, ӯ аз ҳимояти Далери Имомалӣ, рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик даст кашид ва гуфт, ин ба он рабт дорад, ки наздикони Далери Имомалӣ вакили дифои алоҳида гирифтанд. Рӯзи 4-уми октябри соли равон Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Додситон хостааст, Ғурбатӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шавад

29457
148
16
00:02:12
30.09.2022

Додситон аз додгоҳ хостааст, ки Абдуллоҳи Ғурбатӣ, рӯзноманигори шинохтаро ҳашт сол зиндонӣ кунанд. Парвандаи хабарнигор рӯзи 29-уми сентябр пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ шуд. Наздикон ва хабарнигорон ба он роҳ наёфтанд.

НОМАИ МУБОРАКИ ҚОСИМ, ҲАМСАРИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: НАГУЗОРЕД, КИ ҲАЁТАШРО СӮЗОНАНД!

188016
843
175
00:03:44
01.10.2022

Мубораки Қосим, ҳамсари журналисти зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) рӯзи 30 сентябри соли 2022, дар арафаи судури ҳукми шавҳараш аз сӯи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо яке мактуби саркушода ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, аз ӯ хостааст, то ба қазияи падари фарзанди ягонааш дахолат кунад ва нагузорад, ки ҳаёти ӯро бисӯзонанд. “Талаби прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, равони зиндон намудани падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад, ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст... Бовар дорам Шумо бо ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед”, навиштааст дар номааш ба президент Мубораки Қосим.

БА ЗИДДИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААНД

33835
457
171
00:03:50
16.06.2022

Адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, ки ба зидди ду журналист ва блогери шинохтаи тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ҳарду дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС)-и Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Ба гуфтаи адвокат, ба зидди Далери Имомалӣ бар асоси моддаҳои 259, қисми 1 ва 346, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳомоти "фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят" парванда боз шуда, ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1 бо иттиҳоми "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" парванда кушодаанд. Далери Имомалӣ субҳи 15 июн, дар ноҳияи Айнӣ дастгир карда шуда, ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оварда шуд. Абдуллоҳ Ғурбатиро нимаи дуюми рӯзи 15 июн ба инҷо даъват карданд ва баъди соате ӯро низ ба ҳабс гирифтанд. Абдураҳмон Шарипов гуфт, Далери Имомалӣ тасдиқ кардааст ки давоми як соли ахир ҳарчанд кам, аммо аз фаъолияти блогериаш фоида гирифтааст. Далер гуфтааст, ӯ намедонист, ки барои ин фаъолияташ бояд андоз супорад. Вакили дифоъ афзуд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Ғурбатӣ гуфтааст, ягон ният ва мақсади муноқиша бо кормандони милисаро надошт. Вакили дифоъ аз қавли Абдулло Ғурбатӣ гуфт, "маро баъди бозпурсӣ аз бинои ШВКД Шоҳмансур-1 ҷавоб доданд. Дар вақти аз ҳавлии ШВКД баромадан дар назди постгоҳ корманди милиса пеши роҳамро гирифт ва маро дубора баъди пулис дароварданд ва эълон карданд ки ман гӯё корманди милисаро зада бошам." Рӯзи 4 июн низ Далери Имомалиро барои “суҳбати кӯтоҳ” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур оварда, 5 соат бо як шакли хушунатомез бозпурсӣ карда буданд. Далери Имомалӣ баъди раҳо ёфтанаш нақл кард, ки дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задаанд ва водор кардаанд, то ду видеояш дар бора чаппа кардани хонаҳои мардум дар ноҳияи Шоҳмансурро аз каналаш дар Ютуб кӯр кунад. Ба дунбол, сарусадоҳое хест, ки он прокурори муштзӯр домоди як роҳбари пурнуфузи ҷумҳурӣ будааст, вале то ҳол касе исми ӯро нашр накардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, додситони ноҳияи Шоҳмансур Парвиз Ашӯриён, санаи таваллудаш 5 январи соли 1984, дар ҳақиқат писари вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва домоди раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён мебошад. Вале дақиқ нест, ки оё Далери Имомалиро рӯзи 4 июн ӯ зада буд ё ягон корманди дигари додситонии Шоҳмансур?

Тақдири норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ

202000
1796
282
00:10:18
17.06.2022

Тақдири норӯшани Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. Озодӣ дар Твиттер: 🤍 Таҳримҳо ба муҳоҷирон таъсири манфӣ расонидааст. Ба соҳибкорони бозори оташгирифтаи “Фаровон”сабукӣ медиҳанд. Ин ва дигар хабарҳо дар Навиди бомдодӣ.

Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ. Боздошт ва зиндон

2237
22
4
00:02:51
27.12.2022

Бо эълони ҳукми Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳукми ҳамаи чор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони имсол дастгир шуда буданд, маълум шуд. Дар маҷмӯъ ин чор журналистро 31,5 сол маҳкум карданд: Далер 10 сол, Абдуллоҳ 7,5 сол, Завқибек ва Абдусаттор ҳар кадом 7 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд... #хабар #журналистон

ГУЗОРИШГАРИ ВИЖАИ СММ ДАР СИЗО БО АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ВА ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ МУЛОҚОТ КАРДААСТ

3492
24
5
00:02:41
09.12.2022

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо ҳайати ҳамроҳонаш дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик, мулоқот кардааст. Гуфта мешавад, ки ин мулоқот ҳафтаи равон сурат гирифта, онҳо аз вазъи саломатӣ, буду бош ва муносибати зиндонбонон бо рӯзноманигорон суҳбат кардаанд. Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз вазъи саломатии худ шикоят накардаанд ва танҳо гуфтаанд, наздиконашонро пазмон шудаанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ хостаанд, ки ҳарду дар як ҳуҷра (камера) нигоҳдорӣ шаванд. Гуфта мешавад, ки ҳоло Далерӣ Имомалӣ ҳамроҳи Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори дигар зиндонии тоҷик дар як ҳуҷра нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамин тариқ, Далери Имомалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд, боздошту ҳабси онҳо ба фаъолияти рӯзноманигорӣ рабт дорад ва ҳукми додгоҳро нисбаташон эътироф намекунанд.

АВВАЛИН ШАРҲИ РАСМИИ ПАРВАНДАИ ҒУРБАТӢ: БА АЗДА ТВ ОБУНА ШУД, 4 ТУГМАИ КУРТАИ МАЙОР МУРОДОВРО КАНД..

4237
43
11
00:05:48
03.11.2022

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 ноябри соли 2022, бо гузашти қариб 6 моҳ, бори аввал парвандаи журналист Авазмад Ғурбатов, маъруф ба Абдуллоҳи Ғурбатиро шарҳ дода, ҳамчунон пойфишорӣ кардааст, ки гӯё ӯ бо созмонҳои мамнӯъ ҳамкорӣ дошт ва шоми 15 июн, қабл аз боздошташ Д.Ҷ.Муродов ном як афсари милитсияи ноҳияи Шоҳмансурро таҳқир карда, ҳамчунин бо ҳамагӣ 54 кило вазне, ки дорад, ба гардани майор гӯё як мушт задааст ва погони китфи чап ва 4 тугмаи куртаи майор Муродовро кандааст. Худи Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва наздикони ӯ ин иттиҳомотро рад мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ низ мақомоти Тоҷикистонро ба таъқиби журналистон бо иттиҳомоти бофтаю сохта айбдор карда, раҳоии тамоми журналистону блогерҳои зиндонишуда, аз ҷумла Ғурбатиро талаб доранд.

АЗ ҲАМЛА БА МИЛИСА ТО ҲАМКОРӢ БО ҲНИТ: ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ БА ДОДГОҲ РАФТ

9760
138
19
00:03:36
17.08.2022

Масъулони додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рнӯзи 17 августи соли 2022 ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба ин додгоҳ супурда шудааст. Ба гуфтаи масъулини додгоҳи Шоҳмансур, “парвандаро ҳамин рӯз гирифтем, ҳанӯз рӯзи аввали мурофиа маълум нест.” Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигор ва аксбардори хабаргузории мустақили “Азия Плюс”, рӯзи 15 июни соли 2022, чанд соат баъди ҳунарпеша ва журналисту блогери шинохта Далери Имомалӣ, ки бо ӯ ҳамкорӣ дошт, дастгир шуд. Ибтидо гуфта мешуд, ки гӯё Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъди онки ӯро дар ШВКД ноҳияи Шоҳмансур бозпурсӣ карда, ҷавоб доданд, ҳангоми баромадан аз бино ба як корманди милиса ҳамла кардааст. Баъди чанд рӯз сару садое бархост, ки гӯё мақомот ӯро ба ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) айбдор мекунанд. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ин иттиҳомотро рад мекунад ва гуфтааст, ки на корманди милисаро латтукӯб ё таҳқир карда буд ва на иртиботе бо ҲНИТ дорад. Намояндагони ҲНИТ, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар хориҷ аз кишвар ва асосан дар Аврупо амал мекунад, низ ҳар навъ иртиботи Ғурбатӣ ва дигар журналистону блогерҳои дар ин авохир дастгиршуда бо ин ҳизби оппозитсиониро рад карда, баҳонаи беасосе дар дасти мақомот барои саркӯби журналистони озодандеш меноманд.

Латукӯби Абдулло Ғурбатӣ ва "қарсак" -и Маҳдию Талбакҳо |PAYOMNEWS|29.05.20|اخبار تحلیلی

54944
994
332
00:28:19
29.05.2020

1. Тарафдории декани журналистҳо ва раҳбари китобхонаи Душанбе аз латукӯби Абдулло Ғурбатӣ 2. «Кӯмак»-и ҳукумат ба табибони ноҳияи Айнӣ: 300 сомонӣ маошашонро кам кардаанд 3. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд тамоми маводи тиббии зарурӣ захира шуда, ба беморон ройгон тақсим карда мешаванд, корафтодагону беморон минро рад мекунанд Радио: 🤍 Сомонаи мо: 🤍 Instagram: 🤍 Тамос бо мо: +49 15 16 46 15 947 WhatsApp, Viber, IMO, Telegram Канали телеграмии мо: 🤍 #RadioPayom #ПАЁМtv #PAYOMNEWS

Барномаи "Саволу ҷавоб" : Қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Чӣ бояд кард?

2856
81
7
00:50:25
20.06.2022

Барномаи "Саволу ҷавоб" : Қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ. Чӣ бояд кард?

БЕҲТАРИН БАРНОМА. Нахустин нашри барномаи "РӮЗГОР"-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар HAMNISHIN TJ

176
4
1
00:04:02
23.04.2020

#ruzgor #AbdullahGurbati #HAMNISHINTJ Муаллиф: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои "Азия Плюс" Ин барномаи мухтасар ва нахустини Абдуллоҳ аст, ки 23.04.2020 дар фазои Ютуб бо рухсати муаллиф дар ютубканали HAMNISHINTJ нашр шуд. Нашрҳои баъдии барномаро тасмим дорем, ки пешкаши шумо гардонем, дӯстон! Барои ин кор ба дастгирӣ, ҳамроҳӣ ва тавсияҳои шумо ниёз дорем! Бознашри барнома дар сурати зикри номи муаллиф ва ютубканали HAMNISHIN TJ рухсат аст. Ҳуқуқуи муаллиф маҳфуз аст.

Баҳси қазияи Абдулло Ғурбатӣ ва ҳақ будани Радиои озодӣ оиди коронавирус дар Тоҷикистон

106
1
0
00:28:25
03.05.2021

Рӯзноманигорони расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар ток-шоуи "Гап аз гап" оид ба ҳамрайи касбӣ баҳс мекунанд.

ИМРӮЗ ДОДГОҲ МАСЪАЛАИ ҲАБСИ ДАЛЕРИ ИМОМАЛӢ ВА АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО ҲАЛ МЕКУНАД

107094
962
187
00:01:48
18.06.2022

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 18 июн масъалаи барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтани журналистони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро баррасӣ мекунад. Тибқи қонун, шаҳрвандонро бидуни ҳукми додгоҳ фақат то 72 соат метавонанд боздошт кунанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15 июн дастгир шуданд ва имрӯз 72 соати боздошти онҳо ба поён мерасад. Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ айбдор мешавад ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамла ба корманди милитсия. Бисёре аз журналистони тоҷик мегӯянд, ин иттиҳомот чандон сангин нест ва шарт нест, ки ин ду журналист дар муддати тафтиши парвандаҳояшон дар ҳабс бошанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ феълан дар ИВС, яъне тавқифгоҳи милитсияи Душанбе қарор доранд. Боздошти ин ду хабарнигор ва блогер, ки бо видеогузоришҳои худ пиромуни масоили доғи иҷтимоии Тоҷикистон маъруф шуданд, мавҷи вокунишҳои манфии байналмилалиро низ ба бор овардааст. Петра Гаспарова, муовини раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо аз озодии баён ва кори журналистони мустақил ҳамчун авлавияти бахши ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунем, зеро матбуоти озод ҷомеаро бештар демократӣ, нерӯманд ва гуногун месозад ва василаи хубе барои ҳимояти ҳуқуқи инсон мешавад." – Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ дар як изҳорот дар Твиттер гуфт, “ин таъқиботро, ки ба фаъолиятҳои касбии онҳо рабт доранд, шадидан маҳкум мекунад ва озодии блогерҳоро тақозо мекунад”.

Далери Имомалиро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд

365829
3027
424
00:02:07
18.06.2022

Далери Имомалӣ, хабарнигору блогери шинохта ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистонро ба гумони "ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ҳамроҳи ӯ ҳамкораш, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, низ дастгир шудааст, аммо дақиқ нест, ки додгоҳ нисбати ӯ чӣ қароре бароварда. Бори аввал нашр шуд дар - 🤍

Далеру Абдуллоҳ чӣ кор карданд, ки ҳоло паси панҷара ҳастанд?

183232
2270
213
00:05:59
25.06.2022

Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми июн Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ду рӯзноманигори тоҷикро боздошт кард.

ДАЪВАТИ “ХАБАРНИГОРОНИ БИДУНИ МАРЗ” БА ОЗОДИИ 4 ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК

2132
27
3
00:03:04
07.11.2022

Созмони байналмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) рӯзи 4 октябри соли 2022 дар як баёния дар пайи судури 7 сол ҳукми зиндони журналисти мустақили тоҷик Завқибек Саидаминӣ бори дигар иттиҳомоти алайҳи 4 журналисти тоҷики зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро “дурӯғ” номида, аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро тақозо кард. "Хабарнигорони бидуни марз” бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон дидаю дониста иттиҳоми бофтаи “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ”ро ба гардани ин журналистони мунтақид бор карда, бо ин роҳ мехоанд даҳони журналистони мустақилро банданд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон чунин шеваи таъқиби матбуоти озодро маҳкум карда, қаблан ҳам аз мақомоти Тоҷикистон озодии ин 4 журналистро талаб карда буд. Жанна Кавелйе, роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони "Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд: “Дар натиҷаи тақвияти сонсур ва маъракаҳои туҳмат бастан ба пои матбуот, ба журналистон баъди ҳар таҳқиқоташон ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон бояд истифодаи иттиҳомоти бардурӯғ бо мақсади бастани даҳони журналистони мунтақиди ҳукуматро бас карда, ҳамаи онҳоеро, ки дастгир шудаанд, озод кунанд”.

Хабарҳои муҳими рӯз дар ПАЁМ tv 29.09.2022 /خبرهای مهم

31421
268
28
00:04:53
29.09.2022

- Талаби 8 соли зиндон барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ - Тарҳи ҳамла ба Осиёи Марказӣ. Мулоқоти пинҳонӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ - Пешниҳоди таҳримҳои нав ба зидди Русия * Радио: 🤍 Сомонаи мо: 🤍 Instagram: 🤍 Аз ҳар хабару руйдоде акс ё наворе доред ва ё шоҳиди ҳодисае шудед, ба ин рақам фиристед: +48 739 584 984 WhatsApp, Viber, IMO, Telegram Канали телеграмии мо: 🤍 #RadioPayom #ПАЁМtv

Аз мақомот хостанд Далер ва Абдуллоро озод кунанд

183080
1720
113
00:10:22
22.06.2022

Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз сарнавишти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ нигаронӣ кард. Озодӣ дар Телеграм: 🤍 Нигаронии духтари Алексей Навалний аз вазъи падараш. Аз мардуми Покистон хостанд камтар чой нушанд. Ин ва дигар хабарҳои рӯз дар Навиди бомдодӣ.

Ахбори Озодӣ аз 12-уми майи соли 2020 (Пахши зинда)

23415
190
00:10:06
12.05.2020

Бонки миллӣ ваъда додааст, ки имрӯз банкоматҳо фаъол мешаванд, хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ҳамла ба ӯ бо кораш рабт дорад, табибони узбек ба зарурати афзоиши ташхис ё худ тести коронавирус ишора мекунанд ва тоҷики фавтида аз короанвирус дар Русия ба хок супурда шуд.

Навбатдор: либоси тиббиро кӣ ва бо кадом нарх медӯзад

1895
59
10
00:06:33
11.05.2020

Қариби 200 нафар коргарон дар фабрикаи дӯзандагии “Гулистон” дар Душанбе ба дӯхтани ниқобоу либосҳои тиббӣ гузаштаанд. Навбатдори мо дар шаҳр Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба онҷо рафт ва аз кори онҳо дидан кард. “Навбатдор дар шаҳр” - бахши нави мост. Хабарнигори мо аз рӯйдодҳо ва навигариҳо дар Душанбе хабар ёфта ба шумо маълумот медиҳад. Моро пайгирӣ кунед! Подписывайтесь на наш канал, и посетите наш: Веб-сайт: 🤍 Facebook: 🤍 Instagram: 🤍 #навбатдор #таджикистан #asiaplus

🌎 Барномаи хабарии "ИМРУЗ" аз 01.06.2020 |CATV| برنامه خبری "امروز" اخبار تاجیکستان

51953
642
168
00:22:33
01.06.2020

Сархати хабарҳо: Афзоиши қурбониёни коронавирус дар байни нерӯҳои интизомӣ Сардори “Убоп”-и водии Зарафшон низ аз коронавирус вафот ёфт Идомаи моҷарои латтукӯби Абдулло Ғурбатӣ, журналисти тоҷик Зикри номи Муҳаммадбоқир,Толиб ва Ёдгор дар рӯйхати сиёҳи Бонки миллӣ Қобилҷон Гиёев аз мансабаш барканор шуд Гирдиҳамоии мардуми Рӯшон дар назди идораҳои дахлдори ноҳия CATV_NEWS дар шабакаҳои иҷтимоӣ: ⬇️ Youtube: 🤍 Facebook: 🤍 Instagram: 🤍 Telegram: 🤍 Twitter:🤍 OK:🤍 Матлабу пешниҳод ва аксу наворҳои худро ба шумораи зер бифиристед: Whatsapp/Viber/Imo: +48 519 767 404 تلویزیون آسیای مرکزی رسانه ای مستقل بوده هدفش اطلاع رسانی درست،دقیق و بدون سانسور برای بینندگان می باشد. Телевизиони Осиёи марказӣ як расонаи мустақил буда, ҳадафаш иттилоърасонии дуруст ва дақиқ барои бинандагон мебошад. Маҳдудаи таҳти пӯшиши ин шабака кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон аст.

Назад
Что ищут прямо сейчас на
ғурбатӣ Лена makan semangka осмотр квартиры 新的異象新的方向 Bloop Kalinga ferqane qasimova alim qasimov 新的事將要成就 アウトドア derrame SOP в кругу друзей MixHub عشانك CLA mix Mix Hub Mancing kepar babon Academy Oscar